Май 20

 Силсилаи ҳаёти Абубакр (р.з) (2)

Ислом овардани Абубакри Сиддиқ (р.з)

Абубакри Сиддиқ (р) марди хело маҳбуб ва соҳиби эҳтироми хосе дар миёни қавмашон буданд. Инчунин донандаи хуб ва насабшиноси қурайшиён маҳсуб мегашт ва хело ҳам хуб медонист, ки дар қабилаи Қурайш чӣ хубиҳо ва бадиҳое вуҷуд дошт. Марди тоҷир ва дорои хулқи хуби беҳамтое буд. Бузургони қавмаш ба назди ў меомаданд ва эҳтирому манзалати хосе ба ў қоил буданд. Ин амали қавм аз ин хотир буд, ки ў тоҷире буд дорои хулқи накў ва бо ҳар шахсе, ки мулоқот ва ҳамнишинӣ мекард, бархўрди хуб аз худ нишон медод ва  дар дили ҳар ҳамсўҳбату ҳамнишинаш унс мегирифт.

Идомаи матлаб…»

Май 17

Силсилаи ҳаёти Абубакр (р.з) (1)

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон 

Насаби Абубакри Сиддиқ (р)

 

Абубакри Сиддиқ ибни Абуқуҳофа (р), ки номи муборакашон Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайми Қурайшии Тамимӣ аст.

Қабл аз ба паёмбарӣ мабъус гардидани ҳазрати Муҳаммад (с) дўсти он Ҳазрат (с) буд ва дар шумори яке аз нахустин ашхосе маҳсуб мегардад, ки дар имон овардан ба Расули акрам (с) пешдастӣ намуда ва рисолати он Ҳазратро тасдиқ намудааст ва ба дини поки Ислом гаравидааст. То он даме ки Расули акрам (с) дар Макка иқомат доштанд ҳамеша ҳамроҳ, мунис ва ёвари он Ҳазрат (с) буданд. Абубакри Сиддиқ (р) ҳамроҳӣ ва рафоқати худро бо Расули акрам (с) ҳангоми ҳиҷраташон аз Макка ба Мадина дар ғор низ тарк накард ва худро ҷоннисор ва муниси он Ҳазрат (с) намуд.

Идомаи матлаб…»

Май 17

Худованд барои бандагонаш роҳҳоеро муяссар кардааст, то инки барои худ аҷру савоб ҷамъовари намоянд, пас инсон бояд аз ин роҳҳо истифода барад.

Идомаи матлаб…»

Май 08

Худованд инсонро замоне, ки офарид, дурусташ намуд, дар ў аз руҳи хеш дамид, барояш гўшу бинию дил бахшид, сураташ дод ва сураташро зебо намуд, дар зеботарин низом ва накўтарин сурат ўро офарид, малоикаҳоро барои ба ў саҷда кардан фармон дод, ўро ба намудҳои зиёди илму маърифат, ки тавасути он саодати дунё ва охиратро меёбад, роҳнамои намуд. Барояш ақлу идроку забону тамиз бахшид, барояш неъматҳои бешумору бебаҳо дод, барояш тамоми ашёи осмону заминро мусаххар сохт, ўро халифаи хеш дар рўи замин таъин кард, то онро обод намояд ва бо ин ҳама вайро хеле такрим кардааст.

Идомаи матлаб…»

Апр 28

Таҳия: Мусъаби Ҳамза

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тавассул ба амалҳои неку

Ҳар касе ки дар ҳолатҳои ороми ва фаровони Худоро фаромўш кунад ва барои мулоқоти Ў омодаги набинад, Худованд ҳам ўро дар ҳолатҳои сахти фаромўш мекунад, яъне аз ў рўй гардонида, кўмакаш намекунад.

Идомаи матлаб…»

Апр 17

Имон овардан ба рӯзи қиёмат рукне аз аркони имон ба шумор меояд. Имон ба рӯзи охират ва ончӣ ки дар он рӯз ба вуқуъ мепайвандад ва ҳамчунин нишонаҳои он аз умури ғайб маҳсуб мешавад.

Идомаи матлаб…»

Апр 10

Шайх Пурдил дар ин навор се ибодате ки бояд хос барои Худо анҷом дода шавад баён мекунад, ва ин ибодатҳо: Назр, Қурбони, Қасам хурдан.

Апр 06

Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар бораи садақа кардан суҳбат мекунад.

Апр 05

Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар ин навор дар бораи се корест ки бояд аз Худои якто талабид, ва аз ғайри Худо ҷоиз нест ва он талабҳо: Талаби фарзанд, Талаби шифо, ва талаби Ҳидоят.

Апр 04

Ҳадиси васфи ҷаннат чигунае ки аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) аз Худованд ривоят мекунад, ки Худованд мегуяд: Барои бандагони солеҳам чизҳое тайёр кардаам, ки на чашме дидааст ва на гуше шунидааст ва на дар дили касе гузаштааст…!